Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент (ZTE), муассиси ширкат Хоу Вейгу

02.09.2017 06:06, Чин

Дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент Зетеӣ (ZTE) Хоу Вейгу мулоқот карданд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Ширкати Зетеӣ (ZTE) дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол фаъолият дорад ва намояндагони ширкат мақсад доранд оянда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кам кардани талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон ва ҳукумати электронӣ ҳамкориҳоро густариш диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ барои ҳамқадами рушди техникаю технологияи пешқадами ҷаҳонӣ будан ва амалӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон басо муҳим аст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар дигар лоиҳаҳои ояндадори соҳа баррасӣ карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520