Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн

17.09.2017 14:39, Туркманистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн мулоқот намуданд.

Мо аз раванди тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла, дар сатҳи олӣ изҳори қаноатманди менамоем, таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки сатҳи имрӯзаи эътимоду ҳамдастии ду давлат барои таҳкими бештари равобити ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо мусоидат хоҳад кард.

Азму ниятҳои муштарак барои дар оянда афзун намудани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду давлат ва тақвияти кори Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, Гуруҳи муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор таъкид карда шуд.

Ҳарду ҷониб барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, роҳу нақлиёт, энергетика бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ, саноати коркарди маъданиҳои куҳӣ, кишоварзӣ, амнияту мудофиа ва фарҳанг омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520