Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сўҳбат бо Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиман

20.10.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиманро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сўҳбат бо қаноатмандӣ аз ҳамкории судманд зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 44 лоиҳа бо сармояи умумии 100 миллион евро амалӣ мешаванд ва 10 лоиҳаи дигар бо 70 миллион евро дар ҳоли таҳияшавӣ қарор доранд.

Аз фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва дастгириҳои молиявию ҳуқуқии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин ва дигар самтҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои густариши ҳамкории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри боло бурдани имконоти қарздиҳии онҳо ба аҳолӣ ва соҳибкорони кишвар, зоҳир карда шуд.

ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли кишоварзӣ, энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия аз роҳҳои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории кишвар бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд арзёбӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатии коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, сохтмони иншооти энергетикӣ, роҳҳои оҳану мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ ба манфиати ҳарду ҷониб ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

ҳарду ҷониб ҳавасмандии афзояндаи худро ба густариши ҳамкории судманд таъкид намуданд.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520