Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

12.10.2017 09:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Қабл аз ҳама Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, натиҷаҳои бобарор орзу намуданд.

Сарвари давлат аз натиҷаи кори 25 - солаи Шӯрои вазирони мудофиа, ки фаъолияти он ба рушди равобити бисёрҷонибаи ҳамкории ҳарбӣ равона гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки тайи ин муддат бо истифода аз таҷрибаи ғании андухта заминаи мустаҳками ҳамгироӣ таъсис ёфта, корҳои назаррасе анҷом дода шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ - техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ - техникии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ махсус таъкид гардид.

Ҳамзамон зимни мулоқот бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид ва дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия қарори дахлдор қабул карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520