Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

11.10.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, як зумра ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат 2 масъалаи асосӣ - ҷамъбасти нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 ва фаъолияти тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ - молиявии мамлакат ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2010 доир ба омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 баррасӣ шуд.

Оид ба ҷамъбасти нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 ва фаъолияти тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ - молиявии мамлакат гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарух Ҳамралиев шунида шуд. Зикр гардид, ки афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар 9 моҳи соли равон ба 6,2% ва таваррум ба 6,7% расидааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 9 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6% ва маҳсулоти кишоварзӣ 7,1% афзудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба таъмини кори бемонеаи корхонаҳои саноатӣ ва ҳамчунин пардохти маблағҳои андоз, гумрук ва дигар даромадҳои давлатӣ, ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили фаровони пахта, меваю сабзавот ва зироатҳои кишти такрорӣ, захираи тухмиҳои хушсифат ва оғози кишти тирамоҳӣ чораҳои муассир андешида шаванд. ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ба низом даровардани нархҳо пеши роҳи содироти чорво, ҳамаи намуди гўшт, картошка, пашм ва метал пурра ва қатъан гирифта шавад.

Доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2010 дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 бошад Муовини якуми сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов гузориш дод. Дар гузориш аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли ангишт дар мамлакат хеле афзоиш ёфта, дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна бештар ин навъи сўзишворӣ ба фурўш рафтааст. Иттилоъ дода шуд, ки то имрўз дар тамоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қадри кофӣ ангишт ва дигар навъҳои сўзишворӣ захира шудааст.

Тибқи гузориш, айни ҳол дар мамлакат 482 нуқтаи фурўши гази моеъ фаъолият мекунанд, ки нисбат ба соли гузашта 28 то зиёд мебошад. Фурўши гази моеъ дар 9 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 беш аз 1400 тонна афзудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба тезондани сохтмон ва ба истифода додани нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои кўҳистон, бо сифат омода кардани шабакаҳои таъмини барқу газу гармӣ, сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ ва пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки ҳар қадар нерўи барқ сарфакорона истифода шавад ва талафоти он поён равад, ҳамон қадар таъминоти мардум бо нерўи барқ ва гармӣ дар фасли сармо беҳтар мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳаллу фасли як қатор масоили дигар низ дар назди масъулини дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520