Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин доктор Риёз ал Малики

16.10.2017 13:04, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин доктор Риёз ал Маликиро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре таъкид гардид, дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо бо Давлати дӯсти Фаластин таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда мешавад ва дар роҳи тақвияти муносибатҳои байнидавлатӣ бояд дар якҷоягӣ талошҳо ба харҷ дода шавад.

Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин ба нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҳали масоили минтақвию ҷаҳонӣ баҳои баланд дода омодагию ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ бо Тоҷикистон таъкид намуд.

Ҷонибҳо пайваста гузаронидани машваратҳои сиёсӣ, истифодаи имконоти робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, ташкили муколамаи мустақими доираи соҳибкорию тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулотро дар кишварҳои ҳамдигар тадбири муҳими тақвиятдиҳандаи муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520