Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо ба кори содиқонаю софдилона, роҳ надодан ба қонуншиканиҳои коррупсионӣ, боло гузоштани манфиати давлату миллат аз ҳамаи манофеи дигар ва хизмати одилона ба мардуми кишвар ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки ба таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон, хусусан дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.
Ба кадрҳои мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккилу коррупсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва таъмини волоияти қонун дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии як қатор вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ амалӣ гардид.