Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ аз чоп баромад

07.10.2010 15:00

Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ аз чоп баромад.

Дар хитобаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагони бисёрмиллионаи чинизабон, аз ҷумла омадааст, ки «барои наслҳои имрўзаи аҳли башар Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол 9 – уми сентябри соли 1991 арзи ҳастӣ намуд, дар асл бошад тоҷикон аз сокинони қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддуни пурғановати онҳо аз гузаштаи хеле дуру бостон сарчашма мегирад».

Дар хитоба ҳамчунин таъкид гаштааст, ки «равобити дўстӣ ва ҳамкории мардуми тоҷик бо мардумони Чин низ собиқаи хеле бостон дорад ва тавассути Шоҳроҳи Абрешим, хусусан дар даврони ҳокимияти давлатҳои Суғду Бохтар ва Сомониён густариши зиёд пайдо намудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки имрўз низ Тоҷикистону Чин муносибатҳои дўстӣ ва ҳамсоягии накуи худро мутобиқ бо талаботи асри 21 ба роҳ мемонанд. «Чинро дар кишвари мо дўсти боэътимод ва аз муҳимтарин шарикони Тоҷикистон медонанд», - омадааст дар хитоба.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ ба шиносоии мардумони давлати бузурги Чин бо таъриху фарҳанги гузашта ва имрўзаи мо ва ба таҳкиму густариши бештари равобити дўстонаи Тоҷикистону Чин мусоидати фаъол менамояд.

Бо забони чинӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин ба чоп расидани китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» боз як иқдоми наҷибест дар ҷодаи муаррифӣ ва баланд бардоштани нуфузи таърихии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520