Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав ба кори худ шуруъ намуд.
Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон дар қасри Кремл ҷамъ омаданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон аъзоянд.
Дар ин иҷлосия, ки ба замони солгарди 20-уми ба имзо расидани Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рост омадааст, натиҷаҳои фаъолияти созмон дар ин солҳо ва вазифаҳои дурнамо баррасӣ мешаванд.
Дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар назар аст.
Бегоҳии рӯз, ҳамчунин мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.