Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.11.2017 12:28, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022 дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 январи соли 2015 таҳия гардида, яке аз ҳадафҳои асосии қабули барнома баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари барнома ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд.

Сипас, аъзои ҳукумат дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018» ва «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» - ро баррасӣ карданд.

Вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар ва бо ин роҳ таъмин кардани муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

«Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Қалъаихум"-маркази ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд» ва «Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Баҳор - маркази ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон» раисони ин ноҳияҳо ҳисобот доданд.

Нақшаи генералии ноҳияҳои номбаршуда бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳо, таҳия шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар амал татбиқ кардани нақшаҳои генералӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои амалӣ кардани ин барномаҳои ояндадор аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд. Дастур дода шуд, ки дар вақти татбиқи барномаҳо ба масъалаи истифодаи оқилонаи замин, бунёди роҳҳои босифат, таъмини об ва хатҳои обу корез, бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, мактабҳо ва манзилҳои зист диққати ҷиддӣ дода шавад. Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосӣ аз андешидани ин тадбирҳо беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар мебошад.

Дар охири кори маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату кумитаҳои давлатӣ бобати иҷрои дастурҳое, ки аз маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин барои дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст кардани фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат дар охири соли 2017, захираи маводи хӯрока, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввал, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, дар амал татбиқ кардани чорабиниҳо вобаста ба ободонии пойтахт, инчунин иҷрои талаботи нақша - чорабиниҳо оид ба давраи зимистони солҳои 2017-2018 ва истифодаи оқилонаи неруи барқ, дода шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки танҳо рӯзҳои охир дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе аз ҳисоби ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ бештар аз 4 миллион киловат соат неруи барқ сарфа гардид ва ин яке аз омилҳои асосие мебошад, ки мардуми кишвар дар тамоми фаслҳои сол 24 соат бо барқ таъмин бошанд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти хурокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани тафтишоти хизматӣ, ки бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти дахлдор сурат гирифт, далелҳои зиёди поймол намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ворид кардани маҳсулоти пастсифату арзон ба бозори истеъмолӣ, дидаву дониста иҷозат додани воридоти маҳсулоти бесифат ва ба саломатии мардум зараровар ба роҳбарияти Хадамоти гумрук ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танбеҳ дода шуд.

Ҳамин тавр бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, аз қабили гушти мурғ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Карим аз вазифаи Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазиров Шералӣ Сафаралиевич аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримзода Холмуҳаммад Карим аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти истеъмолкунандагон, ҷиҳати пешгирии ба таври қочоқ, бе риояи расмиёти андозу гумрук ва ҷавобгӯй ба талаботи стандартиву эпидемиологӣ ва рафъи бесарусомонӣ дар воридоту фуруши маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла маҳсулоти гуштӣ, гушти мурғ ва дигар маводи ширию гуштӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин иҷрои онро талаб карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520