Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 65 – уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ мулоқот намуд.
Сарони ду давлат аз сатҳ ва мазмуни муносибот ва ҳамкории судбахши дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Тасмимоти муштарак оид ба бунёди Масҷиди ҷомеъи Душанбе, ки бузургтарин намозгоҳ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ хоҳад буд ва бунёди шаҳраки қатарии Диёри Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон аз нишонаҳои нахустини ҳамкории бунёдии ду давлат маънидод гардид.
Амири Қатар омодагии давлати худро оид ба равона намудани беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик тасдиқ намуда, ба густариши ҳамкорӣ бо кишвари мо изҳори ҳавасмандӣ кард.