Дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон Ричард Ҳолбрук мулоқоти судманд анҷом дод.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлўи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
Ҷониби Амрико ба масъалаи бунёди пули нави мошингузар миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки ин воситаи хуби навбатӣ барои рушди минбаъадаи ҳамкории минтақавӣ ва интиқоли борҳои ғайринизомии нерўҳои эътилофӣ ба Афғонистон хоҳад буд.
Таваҷҷўҳи зиёд ба дастгирии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми Афғонистон чун роҳи асосии барқарорсозии оромию субот дар мамлакат зоҳир карда шуд ва таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадаф густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон зарур аст.