Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи мизи гирди «Дурнамои татбиқи се ҳадафи Конвенсияи биогуногунӣ»

22.09.2010 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Худи ҳамин рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Машварати сатҳи баланди Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, дар ҷаласаи мизи гирди «Дурнамои татбиқи се ҳадафи Конвенсияи биогуногунӣ раисӣ ва суханронӣ кард.

Пеш аз ҳама бояд таъкид дошт, ки раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои муҳими Иҷлосияи 65- уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид нишонаи эҳтиром ва эътирофи нақши намоёни давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла изҳор дошт: «Кўҳистони Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи ғании генофонди гуногуннавъии биологиест, ки барои эҷоди навъҳои серҳосил ва пойдор барои кишт, растаниҳои ороишӣ, маводи табобатӣ, набототи озуқаворӣ ва зотҳои ҳайвонот захираи мусоиди потенсиалӣ мебошад», ва таъкид намуд, ки «аз ин хотир Тоҷикистон ба гурўҳи даҳ маркази ҷаҳонии бойтарини дорои гуногуннавъии биологии набототу ҳайвонот шомил гаштааст».

Дар суханронӣ ҳамчунин омадааст, ки «сарфи назар аз масоҳати нисбатан хурдаш олами ҳайвонот ва набототи Тоҷикистон тақрибан 2 фоизи захираҳои умумиҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нақши назарраси кўҳистони Тоҷикистон дар нигоҳдории захираҳои биологӣ ва аҳамияти бузурги онҳо дар ташаккулу нигаҳдории иқлими Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ба он наздик, пешниҳод намуд, ки «Созмони Милал дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Маркази минтақавии кўҳистонии гуногуннавъии биологиро таъсис бидиҳад» ва изҳори боварӣ намуд, ки «чунин иқдом ба пайдоиши яке аз марказҳои муҳимтарини тадқиқоту идораи гуногуннавъии биологии кўҳӣ дар сатҳҳои минтақавӣ, субминтақавӣ ва глобалӣ сабаб хоҳад шуд».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520