Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Раиси кулли ширкати шабакаҳои телевизионию иттилоотии «Миллер Асошиэйтс» Билл Миллер мусоҳибаи хоса орост.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори Уилиям Миллер, аз ҷумла оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба дастрасӣ ба оби тоза, пешгирии обшавии пиряхҳо ва офатҳои табиии вобаста ба об, нигоҳ доштани гармшавии иқлими сайёра, афзалият додан ба манбаъҳои барқароршавандаи нерўи барқ, пеш аз ҳама гидроэнергетика ва дар маҷмўъ татбиқи амалии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ посухҳои мукаммалу мушаххас дод.
Мўҳтавои ин мусоҳиба дар расонаҳои хабарии Созмони Милали Муттаҳид ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла агентиҳои иттилоотӣ ва радиову телевизионҳо инъикос мешавад.