Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон

22.01.2018 18:07, шаҳри Душанбе

20 январи соли 2018 мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлонро ба имзо расониданд.

Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520