Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Блейк

01.09.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон бо назардошти имкону захираҳои васеъи истифоданашуда густариши ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахшро матлуб арзёбӣ намуданд.

Қаноатмандӣ бештар аз ҳамкорӣ баҳри таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирии нерўҳои марзбону дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон зоҳир карда шуд.

Роҳҳои барқарорсозии сулҳу осоиш ва амнияту субот дар Афғонистон аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Дар ин замина ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри густариши ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод ва савдо, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия чун омили муҳими мусоидат ба эътидолу низом дар Афғонистон таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520