Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.02.2018 10:42, шаҳри Душанбе

21 феврали соли 2018 дар арафаи таҷлили 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ - Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал ва наздики 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат пешбинӣ гардидааст. Ба замми ин нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ пайваст мегарданд. Ва ин имкон медиҳад нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеву минтақаи муаянгардида интиқол ёбад ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шуруъ кунад.

Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қушунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст. Тариқи ин марказ дар дигар манотиқи кишвар рафти машқҳо ва ё дигар ҳолати ба амал омада, бо пахши мустақим бе ягон мамоният тавассути маниторҳо назорат мегардад ва оид ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешавад.

Бо ҳамин тартиб фаъолияти бемамонияти ин марказ имконият медиҳад, ки тамоми чорабиниҳои муҳими низомӣ, бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳудуди ҳама гарнизонҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, он аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе идора карда шавад. Ва ҳолати баамаломада ва иҷрои талаботи пешбинишуда, дар вазъияти ҷанг, замони осоишта ва дар самти муайян намудани вазифаҳои асосии онҳо, ҳамаҷониба таҳлилу ҷамъбаст ва мушаххасан баҳогузорӣ мегардад.

Барои ташкили фаъолияти мунтазами Маркази идоракунии навтаъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дохили иншооти мазкур тамоми шароити зарурӣ бо меъёр ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ, фароҳам оварда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520