Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа

21.02.2018 10:43, шаҳри Душанбе

Баъди ифтитоҳи Маркази навтаъсиси идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.

Дар ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқарарот ҳайати низомӣ, ротаи қаровули фахрӣ ва Оркестри ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Бинои нави таълимӣ, ки дар арафаи 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз чор ошёна иборат буда, дар давоми се сол аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.

Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ дорои 12 синфхонаи таълимӣ бо 250 ҷойи нишаст, 9 утоқи корӣ барои афсарону устодон, толори варзишӣ, ҷойи хоб барои таълимгирандагон, хонаи фароғатии ҳайати шахсӣ, ду утоқи навбатдорӣ, мавзеи нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории лавозимот, омодасозии сарулибос, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо таҷҳизоти муосири аёнӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004-ум таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд.

Дар ин факулта, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2008 инҷониб беш аз 150 нафар факултаи ҳавопаймоиро хатм намуда, айни замон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  фаъолият доранд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрику шодбош гуфта, ба саҳми ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисоси низомӣ баҳои баланд доданд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи баланд омода кардани афсарону мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, таҳаввулоту авзои мураккаби сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳушдор аз он медиҳад, ки барои ба талаботи замони имрӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияи замонавию лавозимоти муосири ҷангӣ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои иловагиро татбиқ намоем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520