Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва
зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ,
кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва
стипендия



Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон», фармон медиҳам:
1) Аз 1 октябри соли 2010:
-маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, кормандони дигар муассисаҳою ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) амалкунандаи хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ (ба ғайр аз хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, ки барояшон ҷадвали ягонаи тарифӣ мавриди амал қарор дода мешавад), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, истеҳсолоти иҷро, идораи давлатии нотариалӣ ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шавад;
- зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз рўи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида мувофиқи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад;
-нафақаҳои меҳнатии нафақахўрон ба андозаи 15 фоизи нафақаи ҳадди ақали муқарраргардида зиёд карда шавад;
-андозаи ҳадди ниҳоии нафақа ба маблағи 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
-андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маблағи 150 сомонӣ, барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба маблағи 200 сомонӣ, барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба маблағи 250 сомонӣ ва аспирантҳо ба маблағи 300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Андозаи дигар стипендияҳои амалкунандаи аспирантҳо ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои Донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 10 фоиз зиёд карда шаванд.
2) Аз 1 октябри соли 2010 ҷадвали ягонаи тарифӣ дар асоси таҷрибавӣ ба хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи замима мавриди амал қарор дода шавад.
Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ дар ҳаҷми 350 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Ба хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, пардохти иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар иловапулиҳои музди меҳнат, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, боздошта шавад.
3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2010 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда таъмин намояд;
-дар мўҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
6 сентябри соли 2010
№923

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520