Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ”

06.03.2018 11:12, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” Амрро ба имзо расониданд.

Дар асоси Амри мазкур Раиси шаҳри Душанбе бояд барои ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.

Тибқи дастури дигари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта мешавад.

Ба хотири дар амал татбиқ кардани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон менамояд.

Мавриди зикри хос аст, ки ин тадбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хислати накуи башардӯстӣ, сулҳпарварӣ ва мусоидат ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ба хотири гиромидошти фарзандони баруманди ду миллати дӯсту ҳамсоя - Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ва қадршиносии онҳо баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои точику ӯзбек, амалӣ мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520