Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон

09.03.2018 18:13, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ кард.

Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Асосан ширкатҳои ҷумҳурии ҳамсоя 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, чарм, мебел, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маиширо ба маъраз гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳачми гардиши молу байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарони давлатҳо баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг”-ро ифтитоҳ намуданд.

Маросими ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” тавассути гузориши телевизионӣ мустақиман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон инъикос гардид.

Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад.

Баъди солҳои тулонии баста будани қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг” роҳи  пайвасткунандаи қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз бо шарофати сисёсати неку хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ифтитоҳ гардид. Имрӯзҳо мардумони мо ба марҳилаи нав муносибатҳои некбинона байни ду кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.

Ҳаракати қатораҳо дар гузаргоҳи байнидавлатии “Ғалаба-Амузанг” ифодакунандаи воқеии заҳматҳои тулонӣ ва пайвастаи Сарони давлатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебошад.

Ин иқдоми хирадмандонаи Сарони ҳарду кишвар ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику ӯзбек, афзун гардидани гардиши молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ мегузорад. 

Тоҷикистону Ӯзбекистонро таърихан муносибатҳои неку дӯстонаи чандинасра ба ҳам мепайванданд ва ин дар оянда бояд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пайваста идома ёфта, мувофиқи имкониятҳо бо манфиати ҳарду кишвар ривоҷу равнақ ёбад.

Дар баробари ин айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон корхонаҳои азими истеҳсолӣ аз қабили коргоҳҳои сементбарорӣ, варақаҳои гаҷӣ, коркарди нафт, креолит, нуриҳои минералӣ, корхонаҳои коркарди намаки ошӣ ва ғайра сохта шудаанд ва тибқи дурнамо дар солҳои наздик афзоиши боркашонӣ дар ин минтақа то 5 млн. тонна солона пешбинӣ мешавад, ки ин гувоҳи ояндаи нек ва рушди соҳа мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520