Имрўз бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Қодиров бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб озод ва Нуралӣ Салихов ба ин вазифа таъин гардид.
Ҳамчунин бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилов ба вазифаи Директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» таъин гардид, Манзурхон Додохонов аз ин вазифа озод карда шуд.