Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи филиали Донишкадаи энергетикии Москва
(Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе


Бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1) Таъсиси филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад.
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида Протокол оид ба таъсиси филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанберо барои ба имзо расонидан омода намояд.
3) Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» баҳри таъмиру таҷдиди бинои барои филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе вобасташуда маблағҳои молиявии зарурӣ ҷудо намояд.
4) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омўзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе даъват мешаванд, таъмин намояд.
5) Маблағгузории фаъолияти филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ), инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз иҷрои хизматрасонии таълимӣ ва ғайра ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия манъ накардааст, амалӣ карда шавад;
6) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанберо дар бинои хобгоҳи литсейи алоқаи шаҳри Душанбе ҷойгир намояд;
- дар Буҷети давлатии соли 2011 маблағгузории хизматрасонии коммуналӣ ва нигоҳдории бинои филиали Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Душанберо дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҷудогардида пешбинӣ намояд;
- дар мўҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ гардонад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
6 октябри соли 2010
№934

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520