Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби мўҳташами сеошёна дар шаҳри Душанбе

31.08.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Бофандаи шаҳри Душанбе як мактаби мўҳташами сеошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ду нафар мактаббачагони хурдсол лентаи рамзиро бурида, ин бинои боҳашамати мактаби навро расман ифтитоҳ намуд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хонандагону омўзгорон ва аҳли маорифи пойтахтро ба муносибати ифтитоҳи ин муассисаи навбунёди таълимӣ самимона табрик гуфта, онро тўҳфаи арзандаи давлату ҳукумат дар арафаи солгарди навбатии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва соли нави хониш арзёбӣ намуд.

Сарвари давлат шаҳри Душанберо симои давлату давлатдорӣ ва тимсоли фарҳанги шаҳрдориву шаҳрсозии миллат номида, аҳли пойтахтро ба тозаву озода нигоҳ доштани он ва истифодаи дилсўзона аз чунин мактабҳои замонавӣ ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки аҳли пойтахт дар таҳсили илм, бо одобу ахлоқ, либоспўшии зебои миллӣ ва ҳисси ифтихор аз давлату давлатдории худ бояд барои дигарон аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат бошанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин мактаби замонавӣ маълум шуд, ки бинои он аз 3 ошёна иборат буда, дорои 40 синфхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ, китобхона ва ошхонаи зебою муҷаҳҳаз мебошад.

Ҳамзамон бо ин, мактаби мазкур бо синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз қабили физика, кимиё, биологияву риёзиёт, технологияи иттилоотиву ҳифзи муҳити зист имконият дорад, ки дар ду баст 2600 нафар хонандаро бо таҳсили босифат фаро бигирад.

Бояд гуфт, ки ин мактаби навтаъсис ба равияи биология ва экология махсус гардонида шуда, таваҷҷўҳи насли ҷавонро ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, дастовардҳои навини илмҳои биология ва табиатшиносӣ, ки яке аз масъалаҳои глобалии асри мо мебошад, равона месозад. Мактаб мутобиқ ба равияи биологию экологӣ дорои боѓи зимистона, гўшаҳои табиати зинда ва асбобҳои санҷиши обу ҳаво, атмосфера ва дигар шароити муҳити зист мебошад.

Зимни сўҳбатҳо ҳамчунин зикр гардид, ки имсол дар пойтахти кишвар 4 мактаби махсуси дорои равияҳои риёзиву физика ва технологияи иттилоотӣ, кимиёву илмҳои табиатшиносӣ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русиву англисӣ таъсис ёфтанд, ки аз рўи озмун хонандагони болаёқату соҳибистеъдодро ба таҳсил фаро мегиранд.

Як бинои ин мактаб барои таълими томактабии кўдакони 6 – сола пешбинӣ шудааст, ки дорои синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютерҳои кўдакона, ҷойи хобу истироҳат ва хўрокхўрӣ мебошад.

Зимни боздид аз мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин имкон дошт, ки тавассути воситаҳои электронии таълими фосилавӣ бо донишҷўёни дар кишварҳои хориҷӣ таҳсилкунандаи пойтахт ҳамсўҳбат шавад, ки боиси қаноатмандии ў гашт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа баҳри боз ҳам ободу зебо ва кабудизор кардани атрофи бино ва ба роҳбарияту омўзгорони мактаб баҳри истифодаи босамар аз шароити хуби дар он муҳайёгашта дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520