Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Бофандаи шаҳри Душанбе

31.08.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрўз дар арафаи солгарди навбатии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва соли нави хониш, инчунин дар доираи чорабиниҳои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон – шаҳри Душанбе боз як муассисаи наву замонавии таълимӣ - мактаби миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Бофанда ба истифода супорида шуд.

Ҳамаи шумо - хонандагону омўзгорон ва аҳли маорифи пойтахтро ба муносибати ифтитоҳи ин муассисаи навбунёди таълимӣ самимона табрик мегўям.

Воқеан мактаб парваришгоҳи илму дониш, сайқалгоҳи ақлу хирад ва хазинаи маънавии ҳар як қавму миллат, аз ҷумла халқи қадимаи тоҷик ба шумор меравад. Ҳазорон нобиғаҳои илму адаб ва фарҳанги безаволи мо дар оғўши мактаб ва бо қаламу китоб ба камол расида, аз худ осори гаронбаҳои илмиву адабӣ боқӣ гузоштаанд, ки ҳамаи онҳо имрўз сарвати бебаҳои маънавии халқи тоҷикро ташкил медиҳад.

Аз ин рў, ҷаҳониён мардуми моро, пеш аз ҳама, бо китобу қаламаш мешиносанд ва ҳамин китобу қалам буд, ки Авасто ба вуҷуд омада, ниёгони моро ба тамаддунсозиву тамаддунофарӣ ҳидоят намуд. Махсусан осори беш аз ҳазорсолаи илмиву адабӣ ва таърихиву фалсафии бо хатҳои гуногуни ниёгони мо боқимонда имрўз низ метавонад инсонҳоро ба роҳи росту дуруст раҳнамоӣ созад.

Маҳз асолати деринаи расидан ба қадри китоб ва илму фарҳанг мову шуморо водор месозад, ки дар шароити инқилоби навини илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсон ба масъалаҳои мактабу маориф диққати ҷиддӣ дода, ба пешбурди сатҳи таълиму тарбияи насли имрўзу фардои кишварамон муваффақ гардем. Агар мову шумо хоҳем, ки давлати пешрафтаву мутамаддин ва насли дорои фарҳангу тафаккури техникӣ ба камол расонем, бояд аз дастовардҳои навини илму истеҳсолот ва технологияи инноватсионӣ, ки имрўз омили муайянкунандаи рушди иқтисодиёт ва таъминкунандаи сатҳи зиндагӣ гардидааст, дар канор намонем.

Аз ин хотир, қариб соле нест, ки ман дар ҷараёни сафарҳои кории худ ба вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар дар ифтитоҳи мактабҳои нав ва муассисаҳои таълимӣ ширкат наварзам ва аз аҳамияти бузурги илму маориф сухан нагўям.

Бунёду азнавсозии мактабҳои замонавии дорои таҷҳизоту лавозимоти муосири таълимӣ, истифодаи технологияи комютерӣ ва дигар васоити техникӣ сатҳи маърифату тафаккури наврасону ҷавонони моро баланд бардошта, раванди инкишофи ҷомеаро тадриҷан густариш медиҳад ва фарзандони мову шуморо ба ҷодаи эҷодкориву ҷўяндагӣ ҳидоят менамояд.

Бо дарназардошти ин нукта, мо соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардаем, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби имрўза намунаи возеҳи он мебошад.

Мактабе, ки ҳоло мову шумо дар оғози соли нави таҳсил ва Рўзи дониш ба истифода супоридем, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бо сарфи қариб 8 миллион сомонӣ сохта шудааст. Ин боргоҳи нави маърифат аз 3 ошёна, 40 синфхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ, китобхона ва ошхона иборат мебошад.

Ҳамзамон бо ин, мактаби мазкур бо синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, аз қабили физика, кимиё, биологияву риёзиёт, технологияи иттилоотиву ҳифзи муҳити зист имконияти дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 2600 нафар хонандаро дорад.

Бояд гуфт, ки ин мактаби навтаъсис ба равияи биология ва экология махсус гардонида шуда, таваҷҷўҳи насли ҷавонро ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, дастовардҳои навини илмҳои биология ва табиатшиносӣ, ки яке аз масъалаҳои глобалии асри мо мебошад, равона месозад.

Мо солҳои охир баробари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба равиябандии мактабҳо аз рўи завқу истеъдоди хонандагон шурўъ кардем, ки пойтахти кишварамон дар ин раванд ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Дар пойтахти кишвар имсол 4 мактаби махсуси дорои равияҳои риёзиву физика ва технологияи иттилоотӣ, кимиёву илмҳои табиатшиносӣ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русиву англисӣ таъсис ёфтанд, ки аз рўи озмун хонандагони болаёқату соҳибистеъдодро ба таҳсил фаро мегиранд.

Шумо хуб медонед, ки солҳои охир барои истифода додани даҳҳо мактабу муассисаҳои таълимии пойтахт аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ агар дар соли 2009-ум 74 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2010 ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф ба 84 миллион сомонӣ расидааст. Танҳо соли 2009 дар шаҳри Душанбе 7 мактабу гимназияҳои нав бунёд ва 15 мактаби дигар таъмиру азнавсозӣ гардид. Имсол низ ин раванд идома дошта, ғайр аз мактаби мазкур, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, дар ҳудуди пойтахт сохтмони боз бинои чор мактаби нав, ки барои 2230 хонанда пешбинӣ шудааст, босуръат идома дошта, ҳамаи онҳо то охири сол ба истифода дода мешаванд.

Илова бар ин, барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар рўзҳои наздик сохтмони мактаби нав барои 320 хонанда оғоз мегардад, ки то 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрўз масъалаи инкишофи техникаву технологияи муосир ва рушди маърифату тафаккури техникии хонандагону донишандўзон тақозо менамояд, ки заминаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, хонандагони болаёқату ихтироъкор ва навовару ҷўянда дар мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва литсею гимназияҳо беҳтар ба роҳ монда шавад.

Мехоҳам вобаста ба ин як нуктаи бисёр муҳимро таъкид намоям, ки мактабҳои шаҳри Душанбе ва шогирдони онҳо аз лиҳози сатҳи донишандўзӣ, ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқ ва кўшишу ғайрат намунаи ибрат бошанд. Зеро Душанбе пойтахт, яъне маркази илму дониш ва фарҳангу маърифати Тоҷикистон мебошад.

Илова ба мактаби навбунёди имрўза ва дигар муассисаҳои таълимӣ соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе теъдоди зиёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу кўдакистонҳо, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, шароити таъминоти онҳо бо обу гармӣ беҳтар карда шуд, сохтмони чандин хонаҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадор ба анҷом расонида, ҳамчунин ба маблағи қариб 5 миллион сомонӣ нахустин Маркази барқарорсозии иҷтимоӣ дар маҳаллаи 191-ум барои 280 ҷой сохта шуд, ки ҳамаи иншооти зикршуда омодаи баҳрабардорӣ мебошанд. ҳаҷми умумии маблағи барои онҳо сарфшуда 51 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамаи шумо дида истодаед, ки ба шарофати меҳнати созандаи мардуми бунёдкорамон шаҳри Душанбе рўз то рўз ободу зебо ва замонавию мўҳташамтар шуда истодааст.

Акнун зарур аст, ки сокинони пойтахт ин иншооту иморатҳоро самаранок истифода баранд, онҳоро эҳтиёт кунанд ва барои боз ҳам зебову дилрабо шудани шаҳрамон ҳиссагузор бошанд.

Чунки мардуми мо аз қадим шаҳрсозу ободгар буда, пойтахти азизи худ, кўчаву хиёбонҳо ва хонаву кошонаҳои зисти хешро дар арафаи идҳову маросимҳои мардумӣ тозаву озода мекунанд.

Шаҳри Душанбе барои ҳар як сокини пойтахт симои давлату давлатдорӣ ва тимсоли фарҳанги шаҳрдориву шаҳрсозии миллат буда, тозаву озода нигоҳ доштани он вазифаи натанҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, балки вазифаи ҳар як сокини шаҳр мебошад.
Умедворам, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумо- аҳли маорифи пойтахт ва устодону омўзгорон барои ба сатҳу сифати ҷаҳонии таҳсилот расонидани шогирдону дастпарварони имрўзу ояндаатон ҳамаи донишу таҷрибаи худро сарф менамоед.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Рўзи дониш ва соли нави таҳсил, инчунин солгарди навбатии истиқлолият табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон умри пурбаракат, маърифати баланд ва комёбиҳои навини илмиву эҷодӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520