Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент

28.03.2018 14:51, шаҳри Панҷакент

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Боғчаи бачагонаи “Наврӯз”-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд. 

Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, дар муддати хеле кӯтоҳ аз ҷониби пудратчиён ҶСП "АСТ-Сохтмон" ва ҶДММ “ПМК-278” бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаи кӯдакона, ба корҳои сохтмонӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз арзёбӣ карданд.

Бинои наву замонавии Боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар шаҳри Панҷакент бо маблағи умумии беш аз 9 миллион сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамарӯза 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ акнун наздик ба 50 нафар сокини шаҳри Панҷакент имкон пайдо карданд, ки дар шароити хубу замонавӣ ба тарбияи кӯдакони то синни 7-сола машғул шаванд. 

Бояд гуфт, ки Боғчаи бачагонаи "Наврӯз" аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми асбобу анҷоми хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Боғчаи бачагонаи “Наврӯз” аз 7 айвонча, 7 ҳуҷраи хоб, толори бозии кӯдакон, толори варзишӣ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Дар ин ҷо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои муаззами миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони воқеии ҷомеаи навини тоҷикон бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520