Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли орд дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

29.03.2018 12:40, шаҳри Бӯстон

Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.

Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур дар даромадгоҳи ҶДММ “Анҳор” намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуд. Дар ин ҷо аксаран коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯи истеҳсолот, ки дар ҳудуди вилояти Суғд тавлид меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба иқтидори саноатии вилоят ва рағбати соҳибкорони маҳаллӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Лозим ба зикри хост аст, ки қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, маблағи фондҳои асосӣ 25,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 13 млн. сомонӣ сармояи корхонаи номбурда, 12,8 сомонӣ сармояи ширкати “АЗК ЕСЕНТАЙ”-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи зикршуда 380 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз мебошад. Дар қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд 25 нафар ба кор фаро гирифта шуданд. Бинои корхонаи нав аз 6 ошёна иборат буда, он калонтарин иншооти истеҳсолкунандаи орд дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона зиёда аз 20 ҳазор тонна гандум захира карда шудааст.

Бояд гуфт, ки ҶДММ “Анҳор” соли 2011 ба фаъолият оғоз карда, таъиноти аслии он истеҳсоли орд мебошад. То ин замон корхона дар як шабонарӯз танҳо 120 тонна гандумро коркард менамуд ва он бо тамғаҳои “Зарзамин”, “Беҳтарин” ва “Махсус” ба харидорон пешниҳод карда мешуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин корхона соли 2017 30 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар ҳамин давра ба 75,7 млн. сомонӣ баробар шуд. Инак, бо ба фаъолият оғоз кардани қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз то 500 тонна пешбинӣ гардидааст. Теъдоди коргарон, ки то ин замон 62 нафарро ташкил медод, акнун ба 100 нафар наздик мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соҳибкор дар оянда нақша дорад дар заминаи ҳамин корхона коргоҳи истеҳсоли макаронро ба роҳ монад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи марҳилаи дуюми қитъаи истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” ташаббуси соҳибкори маҳаллиро барои бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани аҳолӣ муассир арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520