Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав дар ҷамоати Оқгаза ва мулоқот бо мардуми ноҳияи Вахш

25.08.2010 13:00, ноҳияи Вахш

Падару модарони арҷманд!
Хонандагону омўзгорони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Сараввал ҳамаи шуморо ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мактаби нави замонавӣ, ки дар доираи чорабиниҳои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, инчунин дар арафаи соли нави хониш ҳамчун тўҳфаи идона ба фарзандони мардуми ҷамоати деҳоти Оқгаза тақдим мегардад, самимона табрик мегўям.

Мардуми фарҳангдўсту соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём бо қаламу китоб ва илму дониш сару кор доштаанд ва бузургтарин мероси маънавии онҳо ба мо-ворисонашон низ ҳамин қаламу китоб мебошад. Зеро номи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар саҳфаи таърихи умумибашарӣ маҳз ба василаи осори илмиву адабӣ, яъне китобу рисолаҳо, ки як рукни таркибии фарҳанги мо мебошанд, бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Воқеан, илм низомест, ки дар асоси воқеият ба вуҷуд меояд ва тавассути таҷрибаву малака сайқал меёбад. Худои таоло вақте ки аввалин ояи каломи осмонии худро нозил кард, ба аҳли инсоният дастур дод, ки: «Бихон ба номи Худоят». Ин дастур раҳнамое мебошад, ки ҳар як фард, сарфи назар аз миллату мазҳаб, бояд илм омўзад ва вуҷуди хешро аз ин неъмати худовандӣ баҳравар гардонад.

Мо низ аз солҳои аввали ба истиқлолият расидани кишварамон рушди соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои асосиву афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, дар ин самт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намудем ва чунон ки имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, чорабиниҳои андешидашуда натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд.

Бо мақсади соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар кардани насли наврас ҳамасола давлату ҳукумати Тоҷикистон дар доираи татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳо барои бунёд, таҷдид ва таъмири мактабҳо, таъмини онҳо бо муаллимон ва китобу лавозимоти хониш, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи донишандўзӣ ва малакаву маҳорати толибилмон тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар натиҷаи таваҷҷўҳи пайвастаи ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон низ сохтмони мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ бо дарназардошти талаботи мавҷуда босуръат ҷараён дорад.

Ва имрўз мо шоҳиди ба истифода додани боз як мактаби наву хуштарҳ гардидем, ки аз тарафи ҳукумати мамлакат маблағгузорӣ шудааст.

Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 22 синфхона, 4 ҳуҷраи маъмурӣ, китобхона, толори варзиш, толор барои гузаронидани маҷлису чорабиниҳои мактабӣ ва майдончаи варзиш мебошад ва барои 1248 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Инчунин барои гарм кардани мактаб дар давраи тирамоҳу зимистон дегхонаи алоҳида сохта шудааст.

Бояд гуфт, ки сохтмони мактаб ҳанўз соли 1988 қатъ шуда буд ва ба мо лозим омад, ки сохтмони онро аз барқарорсозии таҳкурсии он оғоз намоем ва тавре ки мебинед, имрўз он ба як иншооти мўҳташам табдил ёфтааст.

Барои бунёд ва таҷҳизонидани ин мактаб қариб 7 миллион сомонӣ сарф шуда, сохтмончиён бунёди онро бо сифати баланд ва дар мўҳлати муқарраршуда, яъне дар арафаи соли нави хониши 2010-2011 анҷом доданд. Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони бинои ин мактаб заҳмат кашидаанд ва саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Дар баробари ин, аз ҷониби ҳукумати кишвар дар ноҳияи Вахш бунёди боз ду мактаби нав дар назар аст, ки тақрибан барои ҳазор хонанда пешбинӣ гардидааст.

Илова бар ин, то имрўз дар доираи лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф барои мактабҳои ноҳия қариб 100 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ харидорӣ ва дастраси хонандагон карда шудааст.

Давлат ба хотири фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон минбаъд низ ҳамаи чораҳоро меандешад.

Баъди чанд лаҳза мо инчунин хишти аввали боз як мактаби замонавӣ ва типи навро, ки барои таҳсили 900 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мегузорем. Ин мактаб аз ҳисоби маблағи шахсии соҳибкор Юсупов Қурбон сохта, дар вақтҳои наздик ба ихтиёри фарзандони мардуми ноҳияи Вахш гузошта хоҳад шуд.

Вазифаи асосии шумо-хонандагони азиз, бо истифода аз шароиту имкониятҳое, ки мо барои шумо муҳайё кардаем, азхуд кардани барномаҳои таълимӣ, донишҳои замонавӣ ва техникаву технологияи муосир ва муҳимтар аз ҳама, дўст доштани Ватани азизамон - Тоҷикистон иборат мебошад.

Зеро ояндаи ин сарзамин ва боз ҳам ободу зебо гардонидани он ба зиммаи шумо гузошта хоҳад шуд ва мо умед дорем, ки шумо ҳар рўзи таҳсилро самаранок истифода карда, дар оянда ҳамчун насли соҳибмаърифату кордон ба камол мерасед ва масъулияти ватандориро бар дўш гирифта, сарзамини аҷдодиамонро сарсабзу пешрафта мегардонед.

ҳозирини гиромӣ!

Мо дар доираи сафари кории худ тасмим гирифтем, ки дар баробари ба истифода супоридани мактабҳои нав, корхонаҳои навбунёди саноатӣ ва иншооти дигар, инчунин бо мардуми шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла заҳматкашони ноҳияи Вахш мулоқот кунем, бо вазъи зиндагӣ ва корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос шуда, барои бартараф кардани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда якҷоя кўшиш намоем.

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки дар давоми солҳои охир мо беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардумро тавассути дастгирии соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ ҳадафи муҳими фаъолияти худ қарор додаем. Бо ин мақсад дар 6 моҳи соли равон аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоту муассисаҳои қарзӣ ба соҳибкорони ноҳияи Вахш ба маблағи 9 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин кардани тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳияи Вахш 9 лоиҳаи инвеститсионӣ ҷиҳати таҷдиди соҳаи маориф, рушди тандурустӣ дар ҷамоатҳо ва барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, инчунин сохтмони хатти интиқоли барқи байнишабакавиро татбиқ карда истодааст. Умуман то ба имрўз дар ноҳияи Вахш дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии зикргардида корҳо ба маблағи 90 миллион сомонӣ (баробар бо 20,5 миллион доллари амрикоӣ) анҷом дода шудаанд.

Саноат яке аз соҳаҳои муҳими ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз аввали сол дар ноҳия ба маблағи зиёда аз 17 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст. Вале нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чор корхонаи саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам карда, якчанд корхона умуман фаъолият накардааст.

Аз ин рў, ба Вазорати энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш зарур аст, ки камбудиву проблемаҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намуда, ҷиҳати афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Бунёд намудани нерўгоҳҳои хурд ва ба ин восита беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо барқ дар чанд соли охир ба яке масъалаҳои асосии ҳаёти ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Бо ин мақсад дар ҳудуди ноҳияи Вахш барқарорсозии нерўгоҳҳои барқи обии «Марказӣ» ва «Шаршара» анҷом дода шуда, истеҳсоли нерўи барқ хеле зиёд гардид. Илова бар ин, дар ҳудуди ноҳия як нерўгоҳи хурд сохта, ба истифода дода шуд, ки иқтидораш 100 киловатт буда, 200 хоҷагиро бо қувваи барқ таъмин менамояд.

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳияи Вахш мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 1-уми августи соли ҷорӣ зиёда аз 121 миллион сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоиз зиёд шудааст. То аввали моҳ зироатҳои ғалладона дар майдони 5 ҳазор гектар ҷамъоварӣ шуда, ҳосилнокии он ба ҳисоби миёна 31 сентнерро ташкил медиҳад. То ба имрўз дар майдони 8700 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба нақша 170 гектар зиёд мебошад.

Ин албатта хуб аст. Вале таъкид месозам, ки нигоҳубини зироатҳо бо истифода аз ҳар як рўзи мусоид бояд муташаккилона ба роҳ монда шавад. Дигар ин, ки истифодаи самараноки обу замин ва кишти такрорӣ, яъне гирифтани ду-се ҳосил бояд барои кишоварзон як кори маъмулӣ бошад.

Дар баробари пешравиҳое, ки кишоварзони ноҳия ба даст овардаанд, дар соҳаи кишоварзӣ як қатор камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Дар ноҳия дар давоми чанд соли охир 1140 гектар замини обӣ ба заминҳои боир табдил ёфтааст.

Соли ҷорӣ 260 гектар заминҳои корам, аз ҷумла 154 гектар заминҳои обӣ умуман кишт карда нашудаанд. Илова бар ин, дар хоҷагиҳои ноҳия 1210 гектар заминҳои обёришаванда дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доранд, ки чунин вазъ боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад.

Аз ин рў, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва муайян кардани механизми истифодаи заминҳои бекорхобида, ҳамчунин риояи қатъии қонунгузории замин чораҳои ҷиддӣ андешад.

Дар шароити имрўзаи ҷаҳон, ки дар бисёр кишварҳои дунё хушксолӣ, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ ҳукмронӣ мекунад ва ин ҳама боиси болоравии нархи маҳсулоти озуқа, аз ҷумла гандум мегардад, кишоварзони мо, ки аз қадим қадри обу заминро хуб медонанд, набояд ба бекор мондани замин ё баъди ҳосили асосӣ аз кишти такрорӣ берун мондани он роҳ надиҳанд.

Дўстони азиз!

Ҳифзи саломатии аҳолӣ, яъне рушди тандурустӣ низ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон шудааст. ҳоло дар ноҳияи Вахш даҳҳо беморхона, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият доранд. Барои таъмини муассисаҳои тандурустии ноҳия бо кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 48 нафар ҷавонон, аз ҷумла 11 нафар тибқи квотаи Президент таҳсил карда истодаанд. Вале бо вуҷуди ин ҳоло муассисаҳои тандурустии ноҳия ба 96 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ эҳтиёҷ доранд.

Аз ин рў, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бо мутахассисони баландихтисос таъмин кардани муассисаҳои тиббии ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Масъалаи ҳалталаби дигаре, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Вахш дида мешавад, қарзи музди меҳнат мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то якуми майи соли 2010 қарзи музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои ноҳия бо дарназардошти қарзи солҳои гузашта қариб 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш супориш дода мешавад, ки барои бартараф кардани қарзҳои мавҷуда чораҳои судманд андешанд.

Бояд гуфт, ки соли оянда барои мамлакати мо соли махсус аст. Мардуми Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 2011 ҷашни муқаддасу муборак ва бузурги миллиамон - бистсолагии истиқлолияти давлатии худро ҷашн хоҳанд гирифт.

Мо дар тўли ин солҳо ба шарофати ин дастоварди беназири халқамон дар татбиқи сиёсати дохилӣ, махсусан барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатамон, инчунин ободии сарзамини аҷдодиамон ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми шарифамон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.

Барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ҷашн гирифтани бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳар кадоми мову шумо-роҳбарону фаъолони ноҳия зарур аст, ки ба хотири тақвият бахшидани аркони давлатдорӣ, бахусус таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ саъю кўшиш намоем.

Зеро ҳадафи асосии Ҳукумати Тоҷикистон обод кардани Ватани маҳбубамон мебошад ва ин ҳадаф бо рафтору гуфтори нек, амали хайру савоб ва меҳнату хизмати беғаразонаву содиқонаи мардуми шарифи Тоҷикистон татбиқ мегардад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро таъмин созем. Бинобар ин, талош барои зиндагии ободу осуда, Ватани ободу пешрафта ва сарфаю сариштакорӣ, хусусан дар моҳи мубораки Рамазон гирифтани дасти ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоатон бояд марому меъёри фаъолияти ҳар кадоми мову шумо бошад.

Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки кишвари озоду соҳибихтиёр дорем ва тақдири давлати соҳибистиқлоламон дар дасти худи мост.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланд ва заҳматписанди ноҳияи Вахш, ки бо таҷрибаи бойи кишоварзӣ ва суннатҳои неки ободгарии худ маъруфанд, минбаъд низ дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд. Шумо бояд ифтихор кунед, ки дар мулки бисёр қадимии сарзамини тоҷикон умр ба сар мебаред: ёдгории дар ҷаҳон машҳури Аҷинатеппа, ки исботи таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон мебошад, дар ҳудуди ноҳияи Вахш ҷойгир аст.

Дар охир ба ҳамаи шумо фарорасии ҷашни истиқлолият ва ифтитоҳи мактаби навро табрик мегўям. Итминон дорам, ки шумо–фарзандони азиз, соли нави таҳсилро дар мактаби наву зебо бо хониши хубу аъло, одоби ҳамида ва рафтори намунавӣ пешвоз мегиред. Инчунин ба ҳамаи шумо –ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони ноҳияи Вахши зархез барори кору зиндагӣ ва рўзгори хушу осуда орзумандам.

Ва пешниҳод менамоям, ки ба ифтихори дастоварди мубораку муқаддаси миллиамон – истиқлолияти давлатӣ ҷамоати деҳоти Оқгаза 20 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон номгузорӣ шавад.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520