Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб

25.08.2010 19:00, шаҳри Кӯлоб

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ ташриф овард.

Дар ин ҷо Сарвари давлат нахуст дар маросими ба истифода супурдани маҳаллаи нави истиқоматӣ, ки дар муддати кӯтоҳ барои аҳолии аз офатҳои табиии моҳи майи соли равон бесарпаноҳмондаи шаҳри Кӯлоб бунёд ёфтааст, иштирок ва суханронӣ намуд.

Чунонки зикр гардид, дар 6 қитъаи ин маҳаллаи нав барои бесарпаноҳмондагон сохтмони 700 хонаи нави хуштарҳ ба роҳ монда шуда буд.

То имрӯз наздики 400 хона пурра сохта, ба соҳибонашон бо тамоми асбобу ашёи рӯзгор тақдим карда шудааст. Сохтмони хонаҳои боқимонда низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки имсол аз офатҳои табиӣ 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарари ҷиддӣ диданд ва ҳаҷми хисороти аз онҳо воридшуда ба 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ баробар шуд. Ба иттилои Сарвари давлат, дар қаламрави мамлакат ҳазор хонаи нави хуштарҳ сохта, бо тамоми асбобу ашёи рӯзгор ба оилаҳои бесарпаноҳмонда ройгон тақдим карда мешаванд.

Дар доираи нақшаи бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин маҷрои оби Тебалай тоза ва соҳилҳояш мустаҳкам карда шуд ва даҳҳо километр роҳҳо, пулҳои мошингузар ва иншооти обтаъминкунию соҳилбандии харобгашта барқарор карда шуданд. Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзҳои 6-ум ва 7-уми майи соли равон маҳз оби Тебалай аз маҷрои худ баромада, садҳо хонаҳои аҳолии Кӯлобшаҳрро хароб карда, ҳамзамон боиси талафоти сершумори ҷонӣ гашта буд.

Ба сохтмони хонаҳои нави шаҳри Кӯлоб 118 адад вазорату идораҳо ва сохторҳои гуногуни давлатию соҳибкорӣ сафарбар шуда буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди маҳаллаи нав саҳмгузор шуданд, арзи сипосу миннатдорӣ карда, ин амалии хайру пурсаховатро нишонаи олии ваҳдати миллии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Ба ин хотир ӯ пешниҳод намуд, ки маҳаллаи навбунёди шаҳри Кӯлоб Ваҳдатобод номгузорӣ карда шавад.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Кӯлоб як мактаби нави замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо харҷи 5 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шуда, барои 900 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Дар назди даромадгоҳи мактаб хонандагони хушлаёқати шаҳри Кӯлоб ихтирооти худро, ки дар соли маориф ва фарҳанги техникӣ эҷод намуда, ба озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд, ба маъраз бароварданд. Якчанд нафари онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоён ва сертификати ихтироотро низ соҳиб шудаанд. Аз миёни ихтирооти онҳо намунаи нерӯгоҳи бодӣ, батареяи офтобӣ ва дастгоҳи пахтатозакунӣ, ки бо тарҳи оддӣ вале самарабахш сохта шудаанд, ҷолиб буданд.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки мактаби нав аз 2 ошёна 25 синфхонаю утоқҳои корӣ, аз ҷумла синфи компютерӣ, синфхонаҳои бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазшудаи фаннӣ, технологияи ҳунаромӯзии духтарон, толори барҳавои варзишӣ ва дигар шароити замонавии таълиму тарбия иборат аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳайёшавии шароити хуби таълимӣ аз масъулини соҳа талаб намуд, ки сифати таълиму тарбияи хонандагон ва савияи донишомӯзии онҳоро баланд бардоранд.

Дар саҳни ҳавлии ҳамин мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарият ва фаъолони шаҳри Кӯлоб мулоқоти тӯлонии озоду ошкоро анҷом дод, ки зимни он миёни онҳо сӯҳбатҳои ҷолибу самимӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520