Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Сарбанд

24.08.2010 20:00, шаҳри Левакант

Нимаи дуюми рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф овард.

Дар шаҳри Сарбанд бо иштироки Сарвари давлат нахуст як корхонаи нави сементбарорӣ расман ба кор дароварда шуд, ки дар он 80 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Корхона бо иқтидори имрўзааш дар як шабонарўз 60 тонна сементи навъи 300 истеҳсол мекунад. Роҳбарияти корхона тасмим доранд, ки иқтидори шабонарўзии онро ба 240 тонна расонанд.

Чунонки ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, 98% ашёи хом барои истеҳсоли семент, аз ҷумла сангу шағали махсус ва ангишт аз дохили кишвар дастрас карда мешавад.

Сементи ин корхона бо нархи 60 дирам барои як килограм дар халтаҳо ба фурўш бароварда мешавад. Дастгоҳи автоматии халтапуркунии он дар як дақиқа 18 халтаро пур мекунад.

Корхонаи мазкур дар муддати кўтоҳ бо харҷи 12 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар ин шаҳр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як корхонаи нави коркарди ғалла расман ба истифода супурда шуд.

Дар рафти шиносоӣ бо кори корхонаи нав, аз ҷумла зикр гардид, ки дар он 60 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Корхона дар як шабонарўз бо истифода аз дастгоҳҳои технологияи муосир 90 тонна гандумро коркард намуда, аз он то 80 тонна орди хушсифат истеҳсол мекунад.

Дар ин корхона, асосан аз гандуми маҳаллӣ орд истеҳсол мекунанд ва нонаш, ба гуфти ҳолдонон, хеле хушлаззат аст.

Роҳбарони корхона дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки ба муносибати ба кор шурўъ намудани корхонаи нав дар моҳи шарифи рамазон ба 163 нафар эҳтиёҷмандони шаҳри Сарбанд, ки 11 нафарашон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, 38 маъюб ва 114 кас ятимон мебошанд, 50 килограммӣ орд ва 10 килограммӣ биринҷ, равған ва шакар ба таври хайрия тақдим мекунанд.

Бояд таъкид дошт, ки ин шумораи умумии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, маъюбон ва ятимони шаҳри Сарбанд мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520