Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев

04.05.2018 12:13, шаҳри Душанбе

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ки самтҳои афзалиятноки сиёсӣ, иқтисодӣ, обу энергетика ва нақлиётию транзитиро дар бар мегирад, барои таҳкиму густариши онҳо ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дуҷонибаро зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд ва рушди иқтисодии кишварҳо, дар оянда бояд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муҳиму стратегӣ, аз қабили бунёди роҳҳои оҳану мошингард, амалӣ кардани лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи  СASA-1000 ва дигар бахшҳои асосӣ талошҳои муштаракро ба роҳ монад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди робитаҳои мустақим дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг ва дигар бахшҳои судмандро муҳокима карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, баррасӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520