Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто

04.05.2018 13:34, шаҳри Душанбе

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярторо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот, ки дар фазои самимӣ ҷараён гирифт, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон дар асоси дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо манфиатдорем.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби технологияи муосир ва сармоягузориҳои хориҷӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои хурду миёнаи обӣ дар Тоҷикистон, инчунин сохтмони инфрасохтори минтақавӣ ва байналмилалӣ, баён карданд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши саноати металлургӣ, муҳандисӣ, телекоммуникатсия, истеҳсоли алюминий, маҳсулоти бофандагӣ, маводи сохтмонӣ, канданиҳои фоиданок, сангҳои қиматбаҳо ва саноати кимиё, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, сабзавот ва меваҳо, аз соҳаҳои дигари ояндадору афзалиятноки равобити дуҷониба номида шуд.

Ҳар ду ҷониб бо он ҳамақида буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муштарак - таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба манфиати кишварҳо хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520