Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии қувваҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Вотел

11.05.2018 16:24, шаҳри Душанбе

11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Вотел, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеф Вотел ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар арсаи амниятӣ баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон,  талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. 

Зимнан, Пешвои миллат аҳаммияти Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзуи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе доир гардид, махсус таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи имрӯзаи нигаронкунандаи Афғонистонро муҳокима намуда, зарурати барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар ва  таъмини ҳарчӣ зудтари амнияти онро қайд карданд. 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520