Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Макото Оҷиро

17.08.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Макото Оҷироро бо сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияташ дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Зимни сўҳбат аз ҳамкории босамари Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд, ки аз соли 1998 инҷониб оғоз ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки тайи 12 соли ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ дар шакли грант, кўмакҳои техникӣ ва қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Танҳо аз соли 2007 ин ҷониб, яъне дар давраи кори Макото Оҷиро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 240 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо шудаанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки моҳи майи соли равон барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд барои 5 соли оянда ба имзо расид, ки дар се соли аввали татбиқи он ҷудо намудани 252 миллион доллари амрикоӣ грант дар назар аст. Ин маблағҳо ба беҳтар намудани шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд. Аз ҳамин ҳисоб ҳамчунин сохтмони хатти 220-киловолтаи интиқоли нерўи барқи Тоҷикистон – Афғонистон ва сохтмону таҷдиди ду хатти дохилии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

Бо вуҷуди ин таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанўз зиёданд.

Макото Оҷиро изҳор дошт, ки «бо назардошти рушди имрўзаи иҷтимоию иқтисодии кишвар Бонки осиёии рушд акнун аз расондани кўмакҳо ба шарикии мутақобилан судманд бо Тоҷикистон мегузарад».

Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520