Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун

13.08.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун эътимоднома қабул кард.

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Фан Сянжун, ки баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ доир гардид вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба марҳилаи сифатан нав ва умедбахш расида соҳаҳои бештареро фаро мегиранд.

Зимни мулоқот аз татбиқи лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ дар соҳаҳои энергетика ва роҳу нақлиёт изҳори қаноатмандӣ гардида татбиқи саривақтии лоиҳаҳои нави ҳамкориҳо дар ин ва дигар соҳаҳо зарур шуморида шуд.

Дар вохўрӣ масоили дигари ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин аз ҷумла ҳамоҳангсозии талошҳои дуҷониба дар роҳи мубориза бар зидди терроризм,экстремизм ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520