Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷӣ

13.08.2010 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷӣ эътимоднома қабул намуд.

Дар сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Аситх Бхаттачарҷӣ, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт таъкид гардид, ки Тоҷикистону Ҳиндустон дар минтақа шарикони боэътимод буда робитаҳои муштараки ду давлат бемайлон рушду тавсеа меёбанд.

Тоҷикистон барои таҳкиму тавсиаи минбаъдаи ҳамкориҳои судбахш бо Ҳиндустон кўшиши зиёд ба харҷ дода имконоти мавҷударо самаранок ва баманфиат истифода менамояд», изҳор дошт зимни сўҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда робитаҳои иқтисодию инвеститсионӣ ва тиҷоратиро умедбахш маънидод карданд.

Аситх Бхаттачарҷӣ изҳор дошт, ки барои фаъол намудани заминаи сиёсию ҳуқуқии ҳамкориҳои ду давлат ва рушду тавсеаи минбаъдаи он саъю кўшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди тавваҷўҳи ҷонибҳо қарордошта табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520