Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

17.05.2018 17:09, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буд, ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ”, “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳҳоро муайян намуда, идоракуниии давлатии ҳаракат дар роҳ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро танзим намуда, таснифи роҳҳои автомобилгард ва воситаҳои нақлиётро муқаррар менамояд. Ҳамзамон ба чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ диққати махсус дода мешавад.

Мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда ҷавобгарӣ барои ташкил ва иштирок дар пойгаҳои ғайрирасмӣ пешбинӣ карда мешавад. Минбаъд нисбати шахсоне, ки пойгаҳои ғайрирасмиро ташкил мекунанд, ё дар ин пойгаҳо воситаҳои нақлиётро идора мекунанд ва ё воситаҳои нақлиёташонро ба дигар шаҳсон барои иштирок дар пойгаи ғайрирасмӣ медиҳанд, ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз дувоздаҳ ҳазору панҷсад то понздаҳ ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад. Ҳамзамон ин шахс аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати ду сол маҳрум карда мешавад. Агар шахс ин кирдорро такроран содир намояд андозаи ҷарима чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бист ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи тағйироти дигари ба ин Кодекс воридкардашуда барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад.

Тағйиротҳои ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қушунҳои дохилии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” воридкардашуда аз мансаб озод намудани кормандони ин мақомотро барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбинӣ менамояд.

Мувофиқи тағйири ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ” воридшуда, қисми 6 моддаи 10 ин Қонун, ки ҳиссаҷудокуниро барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пешбинӣ мекард, хориҷ карда шуда, имконияти ба ин муассисаҳои таълимӣ дохил шудани ятимону бепарасторон ва маъюбонро васеъ гардонид.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520