Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби мўҳтарам, Раис, хабари фуромадани ярчҳои харобиовар дар вилоятҳои шимолию ғарбии Чин, ки сабаби ҳалокати садҳо нафар одамон гардидааст, сокинони Тоҷикистонро ғамгин намуд.
Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андўҳ ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда таъзия баён намуда, ба ҳамаи маҷрўҳшудагон ҳамдардӣ изҳор менамоем. Умед аст, ки тадбирҳои ҳукумати ҷумҳурии Чин дар бобати то ҳадди имкон кам кардани оқибати фалокати табиӣ ва наҷоти одамон самараи дилхоҳ хоҳанд дод».