Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқоти дуҷониба доир намуд.
Зимни сўҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Аҳамияти ҳаётии ҳамкории амниятию сарҳадии ду кишвар таъкид гардид.
Аз ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва болоравии гардиши мол миёни ду кишвар, ки тайи 6 соли ахир ҳудуди 20 маротиба афзудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таваҷҷўҳи зиёд ба рафти корҳо ва дурнамои татбиқи нақшаҳои муштараки инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони пулҳо, роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва боло бурдани қудрати транзитии ду кишвар миёни Аврупо ва Осиёи Марказию ҷанубӣ зоҳир карда шуд.
Ҳомид Карзай ба ҷониби Тоҷикистон барои кўмакҳои зиёд, хусусан дар самти омўзиш ва бозомўзии кадрҳои низомӣ, тиббӣ ва дигар арсаҳои Афғонистон арзи сипос намуд. Зикр гардид, ки дар нимаи аввали соли равон 300 нафар муҳассилини Афғонистон дар курсҳои омўзишии тиббии Тоҷикистон мавриди таълим қарор гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон метавонад танҳо ба Коллеҷи тиббии худ ҳар сол то 100 нафар шаҳрвандони Афғонистонро барои таҳсил қабул намояд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба бисёр масоили дигари мавриди таваҷҷўҳи тарафҳо гуфтугў сурат гирифт.