Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон аз рўи ҷамъбасти мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон

05.08.2010 20:00, Эрон

Намояндагони мўҳтарами воситаҳои иттилооти ҳамагонӣ,

Мулоқоти раҳбарони се кишвари дорои пайвандҳои ниҳоят зиёди таърихӣ суннати нек ва арзишмандест, ки имрўз дар шаҳри бостонии Теҳрон мо шоҳиди идомаи матлуби он мебошем.

Дар силсилаи мулоқоту музокироте, ки анҷом гирифт, маҷмўи васеи масоили мавриди таваҷҷўҳи се кишвар баррасӣ гардиданд.

Мавзўи меҳварӣ – густариш ва тақвияти муносибатҳои дўстонаи се кишвар буд. Дар ин росто ба талоши муштарак ва ҳамоҳангии зарурӣ ба татбиқи барномаҳои бузург ва таърихии ҳамкории сеҷониба таваҷҷўҳи хос зоҳир шуд.

Мо бахусус сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва хатти 500-киловолтии Тоҷикистон – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳадро барномаҳои афзали ҳамкории сеҷониба бо ҷалби васеи сармоягузории хориҷӣ арзёбӣ менамоем. Ва бар онем, ки бо назардошти аҳамияти ҳаётии онҳо барои ҳамаи мо омодасозӣ ва сохтмони онҳо суръати матлуб касб намояд.

Мо таъкидан зикр намудем, ки захираҳо ва имконоти мусоид дар ҳама арсаҳо мавҷуданд ва бояд мавриди истифодаи босамар ва мутақобилан судманд қарор гиранд. Бад-ин манзур мо пешниҳод намудем, ки таъсиси як Шўрои ҳамкорӣ таҳти раҳбарии умумии раисони ҷумҳур чун иқдоми муассире дар ин раванд сурат гирад.

Мо иттифоқи назар доштем, ки се кишвари бародар амалан дорои манофеи муштарак дар сатҳи минтақа мебошанд, ки онҳо сулҳ, субот ва ҳамкории васеи минтақавӣ мебошанд.

Вуҷуд надоштани тариқаи сирф низомии ҳалли масоили Афғонистони бародарро дар назар дошта, мо аз талошҳои ин кишвари дўст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар амри мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, фароҳам намудани роҳу василаҳои ҷадиди дастёбӣ ба сулҳу истиқрор ва амнияти дохилӣ пуштибонӣ менамоем.

Мо хоҳони мусоидати васеъ ва босамари байналмилалӣ ба манзури бозсозии босуръати Афғонистон мебошем.

Мо зарурати сатҳи навини ҳамкории кишварҳои мусулмониро таъкид намудем.

Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои ҳусни тафоҳум, созанда ва самимият ҷараён гирифтанд.

Мо нишасти мазкурро оғози марҳалаи нав ва муҳим дар муносибатҳои дўстонаи се кишвар медонем ва барои татбиқи тавофуқоти он талоши пайгир хоҳем кард.

Мо аз пазироии дўстона ва меҳмоннавозии бародаронаи ҷаноби Олӣ доктор Маҳмуди Аҳмадинажод ва меҳру самимияти мардуми шарифи Эрон ибрози сипос менамоем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520