Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

29.07.2010 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Бо андўҳи бузург хабари садамаи ҳавопаймои дар наздикии Исломобод рухдодаро, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон гардидааст, дарёфтам.

Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Шумо, ҷаноби Олӣ, ва ба халқи дўсти Покистон изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520