Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои хобгоҳи интернати наздимактабӣ ба номи Додоҷон Бойматов дар ноҳияи Шаҳристон

24.06.2018 10:51, ноҳияи Шаҳристон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти бинои хобгоҳи интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов оғози расмӣ бахшиданд.

Хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни хобгоҳ бо самимияти хосса ва рӯҳияи созанда истиқбол гирифтанд.

Бинои нави дуошёнаи хобгоҳи наздимактабӣ аз 26 ҳуҷра, аз ҷумла, 20 ҳуҷраи хобӣ, ҳуҷраи роҳбари муассиса, ҳуҷраи сармуҳосиб, ҳуҷраи дарстайёркунӣ, посбонхона, ҳуҷраи тиббӣ, китобхона ва ошхона иборат мебошад. Хобгоҳи мазкур бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Инчунин дар назди бинои хобгоҳ ошхонаи тобистона ва ҷиҳати ба варзиш ҷалб намудани тарбиятгирандагон варзишгоҳи хурди футбол низ бунёд карда шудааст. Дар интернати наздимактабӣ 50 нафар тарбиятгиранда бо шумули 13 нафар ятим ва боқимонда фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд.

 Хобгоҳ дар масоҳати қариб 2 гектар қомат афрохта, дорои шароити муосири истироҳату фароғат ва таълиму тарбия барои насли наврас мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо хонандагон онҳоро барои таҳсил бо баҳои хубу аъло, омӯхтану аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва дар оянда хидмат ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Тарбиятгирандагони ин интернати наздимактабӣ дар навбати худ ба Сарвари ғамхору ятимпарвари худ барои фароҳамсозии чунин шароити арзандаи таълиму тарбия миннатдории ҳамаҷониба баён доштанд. Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон дар мамлакат имкон додааст, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбияи онҳо беҳтар карда шуда, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат қарор гиранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани хобгоҳи наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматов ва шиносоии ҳамаҷониба бо шароити муосири он ба 50 нафар кӯдакони ятим кумакҳои пулӣ тақдим намуда, ҳамазамон барои онҳо дастархони идона ороста шуд.

Ҳамчунин аз тарафи Пешвои миллат ба тарбиятгирандагон 20 адад компютер ҳамчун туҳфа аз номи роҳбари давлат тақдим карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми тақдими туҳфаҳо таъкид доштанд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд таваҷҷуҳи хосса дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо ҳамасола тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.

Ҳамин аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша ба ятимону ниёзмандон ғамхорӣ карда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520