Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Шаҳристон

24.06.2018 11:08, ноҳияи Шаҳристон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия иштирок намуданд.

Бинои маъмурии Маркази адлия аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи зиёда аз як миллиону дусаду шаст ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити арзандаи фаъолият дар ин бинои хуштарҳи замонавӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дигар шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа фароҳам мебошад.

Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории иҷрочиёни Суд, мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат расондан ба сокинону шаҳрвандон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Бинои Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати 380 метри квадратӣ дар муддати 6 моҳ аз ҷониби бинокорони варзида бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Пас аз мавриди истифода қарор додани бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба шаш ҷуфт оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ҳамчунин ба ҳар як навхонадорон як ададӣ телевизор, яхдон ва мошинаи ҷомашӯйӣ тақдим намуда, дар ҳаёти якҷояи хонадорӣ таманниёти нек баён доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол аз сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.  

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520