Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳристон

24.06.2018 12:26, ноҳияи Шаҳристон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Сафари навбатии мо ба вилояти Суғд ба ифтихори солгарди яке аз дастовардҳои муҳимтарини мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол - Ваҳдати миллӣ доир мегардад ва мо имрӯз бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ  ва пешрафти корҳои ободонӣ ба назди шумо - сокинони заҳматпешаи ноҳияи Шаҳристон омадем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки фардо дар кишвари азизамон таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям. 

Дастовардҳои мардуми шарифи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, алалхусус, баъди таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ собиқа надоранд, зеро мардуми сарбаланди кишварамон зиёда аз бист сол аст, ки ба шукронаи ин неъмати бебаҳо ба хотири ободиву пешрафти давлати соҳибихтиёри худ ва сарзамини биҳиштосои хеш кӯшишу ғайрати рӯзафзун зоҳир менамоянд.

Яъне имрӯз кулли фарзандони бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти миллат ба хотири таҳкиму тақвияти истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ  ҳамчун арзишҳои нодири миллӣ талош менамоянд.

Воқеан, дар ҳар давлате, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад, он давлат пайваста пеш меравад, иқтисодиёташ рушд мекунад ва дар натиҷа, мардуми он метавонад ба сатҳи арзандаи  зиндагӣ ноил гардад. 

Ман дар суханрониҳоям ҳамеша таъкид менамоям ва имрӯз бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва обу хоки аҷдодӣ қадру манзалат дорад,  пеш аз ҳама, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ноҳияи Шаҳристон ҳамсоли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, ба шарофати ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати софдилонаи сокинонаш имрӯз ба яке аз ноҳияҳои ободу зебо ва рӯ ба инкишофи  кишварамон табдил ёфтааст.

Шаҳристон, ки дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир аст, аз ҷумлаи мавзеъҳои дар ҳақиқат зебоманзари диёрамон маҳсуб меёбад.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ноҳия, воқеан, яке аз марказҳои бисёр қадимаи таърихии халқамон мебошад, ки мавҷудияти ёдгориҳои зиёди бостонӣ ҳамчун нишонаи фарҳанги моддии аҳди қадим ва асрҳои миёнаи мардуми мо гувоҳи он мебошанд.

Шаҳри Бунҷикат, ки дар замонҳои хеле қадим ҳамчун макони ҳокимони Усрушана  дар мавзеи хеле мувофиқи ҷуғрофӣ ҷойгир буда, бо обҳои фаровон ва боғоти зебову серҳосили худ  хеле машҳур буд, барҳақ, дар радифи шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ қарор дошт.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз соҳибкорон ва шахсони саховатманди ин сарзамини куҳан тибқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 ба таъмиру тармими ёдгориҳои таърихии ноҳия камари ҳиммат бастаанд.

 Ҳоло ҷиҳати маҳфуз доштани ёдгориҳои асримиёнагии қалъаҳои Қаҳқаҳаи як ва ду, инчунин, кӯшки Чилҳуҷра корҳо идома дошта, шаҳри Бунҷикати қадима барои ҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Абрешим» ва дохил намудани он ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст. 

Мавҷудияти даҳҳо ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ, инчунин, табиати биҳиштосои ноҳияи Шаҳристон имконият медиҳад, ки дар ҳудуди он сайёҳии экологиву табобатӣ, фарҳангиву маърифатӣ, таърихӣ ва варзишиву кӯҳнавардӣ тараққӣ дода шавад.

Ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз бунёди иншооти муосири инфрасохторӣ, яъне азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанак ва сохтмони нақби Шаҳристон, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон намудани соли 2018 низ аз ҳамин иборат буд, ки дар баробари таъмин намудани рушди шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳим тараққӣ дода шавад.

Роҳи байналмилалии  Душанбе-Чанак чанд сол инҷониб фаъолият мекунад ва соҳибкорони ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан метавонанд дар ду канори он барои мусофирон ва воситаҳои нақлиёт иншооти хизматрасонӣ бунёд карда, бо амалӣ кардани иқдомҳои созандаашон барои боз ҳам ободу зебо гардидани диёри худ саҳм гузоранд.

Бо мақсади ободу зебо гардонидани ноҳияи Шаҳристон, хусусан, тайи солҳои охир бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ чандин иншооти замонавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. 

Сохтмони бинои дуошёнаи шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва эҳёи беморхонаи марказии ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 дар деҳаи Истиқлол барои 480 нафар хонанда,  Маркази адлия, хатти барқи деҳаи Ободӣ,  марказҳои хизматрасонӣ, таъмир гардидани кӯчаҳои марказии ноҳия  ва бинои Қасри фарҳанг бо 600 ҷойи нишаст мутобиқ бо тамоми меъёрҳои замонавӣ, ки ҳоло мо дар толори барҳавои он қарор дорем,  боиси бисёр ободу зебо шудани ин гӯшаи  кӯҳистони диёрамон гардидааст.

Дар як ноҳияи кӯҳистон, ки аҳолиаш ҳамагӣ 41 ҳазор нафар аст, бунёд шудани чунин қасри зебову ҳозиразамони фарҳанг як рӯйдоди одӣ нест, балки гувоҳи равшани ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба ниёзҳои маънавии мардум ва албатта, натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони он мебошад.

Ҳоло дар ноҳия татбиқи панҷ лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба охир расида, иҷрои корҳо дар доираи 16 лоиҳаи инфрасохторӣ идома дорад.

Инчунин, то имрӯз бинои шуъбаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда,  татбиқи лоиҳаи таъмин намудани аҳолии ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ бо маблағи қариб 16 миллион сомонӣ оғоз шудааст ва ҳоло корҳои сохтмон бомаром  идома доранд.

Шаҳристон асосан ноҳияи кишоварзӣ буда, сокинони он дар парвариши ғалладонагӣ, картошкапарвариву сабзавоткорӣ, боғпарварӣ, чорводориву занбӯриасалпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширию гӯштӣ таҷрибаи зиёд доранд.

 Боиси қаноатмандист, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои  коркарди маҳсулоти ноҳия дар таъмини  бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас доранд.

Соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб  3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 140 фоизро ташкил кардааст.

Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки роҳбарону мутахассисони ноҳия ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар бораи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов,  азхудкунии заминҳои нав, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Тавре ки зикр намудам, боду ҳавои ноҳияи Шаҳристон дар давраи гармои баҳору тобистон барои фароғату дамгирӣ хеле мусоид буда, дар ин давра  шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба мавзеъҳои хушманзараи он зиёд мешавад. 

Ҳоло дар доираи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба хоҳишмандон барои сохтмони мавзеъҳои истироҳатӣ қитъаҳои замин ҷудо гардидаанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки дар масъалаи пахши маводи иттилоотӣ доир ба мавзеъҳои истироҳатӣ, ташкили хатсайрҳои нав, аз рӯи нақшаи муайян бунёд кардани иншооти истироҳатӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳамчунин, ташкил намудани марказҳои таълимию истеҳсолии қолинбофӣ, дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ ва ба ин васила занону духтарони хонашинро ба омӯзиши  касбу ҳунар ҳарчи бештар фаро гирифтан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми роҳбарону масъулон ва соҳибкорони ноҳия мебошад.

Ноҳияи Шаҳристон бо кишвари ҳамсояву дӯсти мо - Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад, ки ин омил барои сокинони он имкониятҳои зиёд фароҳам меорад. Яъне бо истифода аз ин имконият шумо метавонед ҳарчи бештар ҳамкорӣ кунед ва робитаҳои дӯстиву тиҷоратиро бо бародарони ӯзбек густариш бахшед.

Воқеан, ноҳияи Шаҳристон аз ҷумлаи ноҳияҳое мебошад, ки дар он тоҷикону ӯзбекҳо дӯстонаву аҳлона зиндагӣ мекунанд.  

Шумо ҳамеша дар хотир бояд дошта бошед, ки муносибатҳои дӯстонаи мо таърихи чандинасра доранд ва дар саргаҳи ин робитаҳо фарзандони фарзонаи халқҳои мо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ қарор доранд.

Фаромӯш накунед, ки ҳар давлате, ки дар он сулҳу субот пойдор аст ва мардумаш дӯстона зиндагиву кор мекунанд, он давлат рушд меёбад ва нуфузу обрӯяш дар ҷаҳон баланд мегардад.

Итминони комил дорам, ки сокинони заҳматпешаи ноҳия бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлоли хеш дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои созандагиро минбаъд низ тавсеа бахшида, бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи худ барои  таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори иқтисодии Тоҷикистони азизамон ва боло рафтани обрӯву эътибори он азму талош менамоянд.

Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони ноҳияи зебоманзари Шаҳристонро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо рӯзгори осуда, хонаи обод ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон дастовардҳои нав орзумандам. 

Бигзор, ваҳдати миллӣ – асоси устувори истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон то ҷовидон поянда бошад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520