Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 - ошёнаи “Роҳи абрешим” дар шаҳри Истаравшан

25.06.2018 08:42, шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории “Роҳи Абрешим” санги асос гузоштанд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов бо харҷи 60 миллион сомонӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Дар маҳалли сохтмони иншоот нахуст ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди иншооти муосири милии тиҷоратӣ муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур аз 16 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои он маркази савдо, маъмурият, утоқҳои корӣ ва толорҳои конфронс барои гузаронидани ҳамоишҳои тиҷоратӣ бунёд мегардад. Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот беш аз 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Масоҳати умумии замини зери сохтмон 4 ҳазору 400 метри мураббаъ мебошад. Фармоишгар ва пудратчии бунёди иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мабдаи Нур” буда, лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Архиком ва компания”-и шаҳри Душанбе таҳия шудааст.

Инчунин, маҷмааи мазкур дорои меҳмонхона, таваққуфгоҳ барои 92 нақлиёт, толори варзишӣ, спа  - салон бо маркази солимгардонии ҷавобгу ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 30 нафар ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Бунёди маҷмаа ба симои шаҳр ҳусни тоза зам мекунад, зеро дар вақти сохтмон сохтани майдончаҳои бозии кӯдакона, гулгашт бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ва фаввораҳо ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба соҳибкорони ватанӣ арзи сипос карда, онҳоро барои боз ҳам бештар дӯст доштани Ватан ва идомаи бунёдкорӣ ҳидоят карданд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520