Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал

20.07.2010 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал оид ба рафти кишти такрорӣ, ҷамъоварии ғалладона ва дигар корҳои мавсимӣ телефонӣ ҳисобот дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳосили фаровони ғалладона аз заминҳои обӣ ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ карда шуда, кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад. Таъкид гардид, ки аз мўҳлати кўтоҳи барои кишти такрорӣ боқимонда пурсамар истифода бурда, нагузоранд, ки заминҳои обӣ холӣ монанд. Тибқи дастури Сарвари давлат то 10 август бояд иҷрои нақшаи кишти такрорӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ба анҷом расонда шавад.

Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки корҳоро доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла захираи озуқаворӣ, ангишт, гази моеъ ва дигар анвои маводи сўхт вусъат дода, доир ба омода кардани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш чораҳои муассир андешад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520