Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Николя Саркози

14.07.2010 11:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Николя Саркози барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:

«Мўҳтарам Ҷаноби Президент,

Бо таманниёти беҳтарин Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Фаронсаро бо солгарди иди миллии кишвар самимона табрик менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сатҳу суръати дастовардҳои бадастомадаи солҳои охир дар ҳамкории ин ду кишвари дўст баҳои баланд медиҳад. Мо боварии комил дорем, ки ҳамкориҳои судманди байни давлатҳо, ки дар асоси кўшишҳои дуҷониба ба сўи демократия ва тараққиёт ба даст омадааст, дар оянда низ зичтару мустаҳкамтар мегардад.

Иҷозат диҳед, ки ба Шумо, ҷаноби Президент саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор, ба халқи бародари франсуз - сулҳ ва саодати рўзгорро таманно намоям.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520