Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

03.07.2018 11:37, шаҳри Душанбе

3 июл дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои миллии рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Рӯзномаи ҷаласа танҳо аз як масъала - муаррифии “Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор” иборат буд.

Ҷаласаро Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, таъкид карданд, ки афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар давраи дарозмуҳлат масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғл, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ, идоракунии самаранок, ҳифзи экология ва идоракунии равандҳои демографиро фаро мегиранд.

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар доираи рӯзномаи ҷаласа аз рӯи “Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор” ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Ҳамчунин дар баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, роҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерз, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидайет Бишчевич иштирок карда, пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намуданд.

Баромадкунандагон ба ин тадбирҳо баҳои мусбӣ дода, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои устувор бо шарикони рушд барои тақвият бахшидан ба раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ минбаъд низ идома меёбад.

Кори ҷаласаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи шарикони рушд барои иштироки фаъол дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520