Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

26.07.2018 08:07, шаҳри Роғун

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати баланд, шабонарӯзӣ идома дорад, шинос шуда, бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.

Шиносоии Сарвари давлат нахуст аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти гидроэнергетикии мамлакат ба ҳисоб меравад, оғоз гардид.

Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар вақти сохтмони марҳилаи аввали сарбанд баробари иҷрои корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ низ амалӣ гардид.

Тибқи иттилои масъулон то ба имрӯз дар сарбанди нерӯгоҳ 48 адад асбоби санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб ва дар асоси лоиҳа беш аз 45 ҳазор метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки ҳамчун маводи зиддиполоишӣ асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, истифода гардидааст.

Геомембрана дар қисмати пеши сарбанд қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводи зиддиполоишӣ насб гардида, ба гуфти масъулони сохтмон, амалӣ намудани ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарони муҳандисию техникии НБО “Роғун”-ро ҳидоят карданд, ки ҳар амалӣ  сохтмонӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд иҷро карда шавад, зеро иншооти мазкур ҷузъи асосии нерӯгоҳ ба ҳисоб рафта, бунёди саривақтии он, пеш аз ҳама дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат- таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.

Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи сарбанди НБО “Роғун” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хати конвейрӣ иштирок намуданд.

Бунёди хати конвейрӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сарбанд, аз ҷумла сангу шағал басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати “Салини Импреҷило” сурат гирифта, дар ҳоли ҳозир 4 ҳазору 200 метрро ташкил медиҳад. Корҳои заминӣ ва оҳану бетониро дар ин минтақа мутахассисони ширкати сохтмонии «Тоҷикгидроэлекторомантаж» ба анҷом расонида, васлу насби таҷҳизот аз ҷониби ду ширкати хориҷӣ амалӣ карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти хати конвейрӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия, Франсия ва Олмон мебошад, дар як соат имкони интиқол додани 3 ҳазор тонна сангу шағалро дорад. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, аз конҳои алоҳида бе харҷи зиёдатӣ ва сарфаи вақт сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ба мавзеи бунёди сарбанди асосӣ интиқол дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барои бунёди сарбанд ва дигар иншооти нерӯгоҳ беш аз 50 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағал ва дигар намуди ҷинсҳои кӯҳӣ захира карда шудааст ва имрӯзҳо дар ин самт бо истифода аз техникаю механизмҳои замонавӣ корҳо бо суръат идома доранд.

Дар саргаҳи хати конвейрӣ ҳамзамон ду коргоҳи коркарди маводи шағалзамин сохта шудаанд, ки вобаста ба зурурият тариқи автоматӣ ҳамагуна ҷинсҳои кӯҳиро барои истифода дар сарбанд мутобиқ месозанд.

Бо бунёди марҳилаи дуюм масофаи хати конвейрӣ маҷмӯан ба 9 километр мерасад, ки нуқтаи ниҳоии он мавзеи сохтмони садди асосӣ хоҳад буд.

Воқеан, коргарони муҳандисию техникии НБО “Роғун” ҳар амали сохтмониро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро мекунанд. Зеро рафти сохтмони Нерӯгоҳ таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин омил асоси босифат ва мувофиқи нақша пеш рафтани корҳои сохтмонӣ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520