Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Л ВЭҒУ-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.
Филипп Л ВЭҒУ аз рафти Конфронси минтақавӣ доир ба муҳоҷират дар Душанбе, ки ҳадафи асосии сафараш ба Тоҷикистон мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст дар беҳсозии идораи раванди муҳоҷират, аз ҷумла ташкили ҳунаромӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ, мусоидати худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ афзун намояд.
Баррасии роҳҳои судбахши дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.